Раиси шаҳри Душанбе аз хоҷагии чорвопарварии зотии гӯштии «Шири Нуробод» дар н. Рӯдакӣ дидан намуд
Телевизиони Тоҷикистон Телевизиони Тоҷикистон
214K subscribers
135,308 views
0

 Published On Dec 20, 2019

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз хоҷагии чорвопарварии зотии гӯштии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод», ки дар деҳаи Ҳазораи ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ гардидааст, дидан намуд. Хоҷагии чорвопарварии мазкур бо мақсади таъмини бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифати ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт ва бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешниҳод кардани маҳсулоти кишоварзӣ таъсис ёфтааст. Айни замон дар ин хоҷагии чорвопарварӣ зиёда аз 500 сар чорвои калони зотҳои гӯштии ангус, алюкол, грифирд, сарсафеди қазоқӣ ва сиёҳ-ало барои зиёд намудани вазн парвариш меёбанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Рустами Эмомалӣ дар хоҷагии мазкур бо шароити парваришу нигоҳубини чорво ва маҳсулоти истеҳсоли хоҷагӣ аз наздик шинос шуд.

Роҳбарияти ҶДММ «Шири Нуробод» ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод рӯзҳои 24-26 июни соли равон ба вуқӯъ пайваста буд, як зумра корҳоро ба анҷом расонидаанд.

Таъсиси хоҷагии чорвопарварии зотии гӯштӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат бобати таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолии пойтахт бо гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ сурат гирифтааст....

http://khovar.tj/2019/12/raisi-sha-ri...

ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:
★ Telegram: https://bit.ly/2vheVeX
★ WhatsApp: https://bit.ly/2K9HghP
★ WebSite: https://bit.ly/2OmVA3m

#Tajikistan #Dushanbe #AkhboriTojikiston

show more

Share/Embed