Ёдатон ба хайр Ӯрунбек Ҳамдамов!
JM Company JM Company
252K subscribers
142,068 views
808

 Published On Feb 2, 2022

Аз марги набаҳангоми санъаткори асил, дӯсту бародар ва ҳамкору ҳамкасби азизам Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон Ӯрунбек Ҳамдамов хеле андӯҳгин шудам. Марги ӯ барои санъати тоҷик ва ӯзбек талафоти калон аст. Бовар намекунам, ки дигар ӯ дар байни мо нест.
Ӯрунбек Ҳамдамов воқеан санъаткори асил буд, ки бо овози нотакрораш ва суруду таронаҳои тоҷикиву ӯзбекиаш барои ҳарду миллат чун кӯпруки пайвасткунанда хизмат намудааст.
Ӯ дар назари ман ҳамчун санъаткори ростгӯву ростқавл ва поквиҷдону инсондӯст бо суруду таронаҳои мондагор ва зиндагии шоиста байни мухлисони ҳар ду миллат мақоми шоиста дошт.
Инсоне буд, ки суханҳои бад ва ғайбатро намеписандид. Ҳама сӯҳбатҳои мо фарҳанги буд. Зебоиро хеле дӯст медошт ва мекӯшид, ки бо инсонҳои фарҳанги ва аҳли илму адаб сӯҳбат кунад.
Барои робитаҳои дӯстона байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Чин саҳми назаррас дорад.
Падар ва дӯсти меҳрубон, эҷодкор ва ҳунарманди олиҷаноб, навозандаи бомаҳорат буданд ва матни баландро барои эҷоди сурудҳояшон интихоб мекарданд ва онро буррову фаҳмо ба шунаванда мерасонданд.
Аз аввали солҳои 60-ум то ба имрӯз дӯст ва бародари хеле наздик будем, нишастҳои хоса доштем ва нисбати ҳамдигар эҳтиромамон хеле баланд буд.
Бо зиндагии ибратбахш ва фаъолияти пурмаҳсули эҷодӣ номи ӯ ба ҷовидонаҳо сабт гардид.
Фарзандони нексиришт ва ҳунармандро тарбия карданд, ки имрӯзу оянда рисолати ҳунарии падарашонро идома медиҳанд.
Ман итминони комил дорам, то миллати тоҷику ӯзбек ҳаст овози ғулғуладор ва маҳсули эҷодии Ӯрунбек Ҳамдамов дар дилу дидаҳо абадан боқӣ мемонад.
Ба аҳли оила ва хешу пайвандони дӯст ва бародари ҳунармандам Ӯрунбек Ҳамдамов ҳамдардии амиқ изҳор мекунам ва барояшон аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил хоҳонам!
Ёдашон ба хайр ва манзили охираташон обод бошад!

Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов

show more

Share/Embed